
Беҳрӯз Ҳафизов, омӯзгор, соҳибкор ва блогер, ки ӯро дар Инстаграм бо тахаллуси “Беха Инглиш” хубтар мешиносанд. Ӯ аслан соҳиби ихтисоси равоншиносииҷтимоӣ аст ва забони англисиро замони таҳсил дар курси 2-юм дар давоми 4 моҳ худомӯзӣ кардааст. Беҳрӯз таҷрибаи душвореро дар роҳи омӯзиши забон аз саргузаронида, ба таври интенсивӣ, дар як рӯз то 8 соат машғул мешуд. Ӯ меҳмони навбатии подкасти “Имрӯз бо Беҳрӯз” шуд ва аз таҷрибаи 12-солаи худ нақл кард.