
Сохтани асбобҳои мусиқии замонави кори осон нест. Ба ин кор аслан ҳунармандони ҷавон ҷалб мешаванду ба сохтани он низ машғул ҳастанд. Аммо як сокини 68 солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳунари худ дар хона рубобу дутор месозад. Ӯ ба ин кор аз соли 2015 оғоз намуда то ин дам зиёда аз 30 адад асбоби мусиқи сохтааст.