
Мавсими картошка дар шаҳру навоҳии вилоят оғоз шуд. Деҳқонон мегуянд, ки барои кишти картошка имсол 10 руз дер кардаанд. Зеро сардии ҳаво имсол зиёд тул кашида барои оғози кишт барои марди деҳқон дер оғоз шуд. Аммо бо вуҷуди ин саҳмдорон умед доранд, ки бо сабаби намнокии зиёд аз кишти соли равон ҳосили зиёд ба даст меоранд.