
Маҷмааи таърихию фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд" мавзеъи тамошобоб маҳсуб меёбад ва аз ин мавзеъ сокинону сайёҳон ҳамарӯза дидан мекунанд. Осорхонаи ин мавзеъ бошад дорои ҳафриёт ва олоту асбобҳои қадимаи тоҷикон аст. Ба маълумоти масъулин теъдоди сайёҳон нисбати солҳои қабли зиёд шудааст. Роҳбаладон бо се забон тоҷикӣ руси ва англиси барои сайёҳон оиди ёдгориҳои қадима ба сайёҳони хориҷи маълумот медиҳанд.